Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:50

Ваколати депутатии Одинаев қатъ карда шуд

16 январ 2012, 11:11

Таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, райиси МН МО ҷаласаи навбатии Шӯрои ин ниҳоди қонунгузор сурат гирифт.


Дар нишаст якчанд лоиҳаҳои қонун ва созишномаву конвенсияҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Муҳаммадато Султонов, сухангӯи МН зимни ташреҳи ин хабар ба «Озодагон» гуфт, дар Шӯро Созишнома дар бораи мубодилаи иттилоот дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, Созишномаи байни ҳукумати Тоҷикистон ва давлати Қатар оид ба ҳавасмандкунӣ ва кафолати сармоягузорӣ матраҳ гардид.
Манбаъ афзуд, ҳамчунин лоиҳаҳои Қарорҳои парлумон «Дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Ҳаёт Одинаев ва аз ҳайати Кумитаи ҳамин ниҳод оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ баровардани ӯ» муҳокима шуд.  
Гуфтанист, дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаҳои қонунҳо  «Дар бораи амнияти нақлиётӣ», «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд», «Дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонун «Дар бораи яроқ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ» баррасӣ шуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!