Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 15:12

Суғд: Расулзода аз кори яксолаи ҳукумати вилоят дар назди журналистон ҳисобот дод

16 январ 2012, 11:39

Дар «Кохи матбуот»-и маркази вилоят нишасти матбуотии райиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо ширкати хабарнигорон сурат пазируфт.


Бино ба қавли хабарнигори маҳаллии «Озодагон» дар ҳамойиши мазкур беш аз 50 нафар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ иштирок доштанд.    
Зимнан, қайд гардид, ки нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят барзиёд таъмин гардида, ба беҳтаршавии сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат намуд. Нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 109,0 фоиз таъмин шуда, ба он зиёда аз 595,6 млн. сомонӣ ворид гардид, ки аз нақшаи тасдиқгардида 48,9 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 92,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад.     
Қоҳир Расулзода дар суханрониаш изҳор намуд, ки  соли 2011 кишоварзони вилоят бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни бузурги миллӣ, 20 - солагии истиқлолияти давлатӣ софдилона меҳнат намуда, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 4609,8 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намуданд, ки афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта 8,2 фоизро ташкил дод.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!