Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:23

Мақоми эронӣ арабҳои Халиҷи Форсро ҳушдор дод

16 январ 2012, 12:02

Муҳаммад Алӣ Хатибӣ, намояндаи Эрон дар Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЭК) рўзи якшанбе кишварҳои араби Халиҷи Форсро нисбат ба ҷойгузин кардани нафти Эрон дар сурати таҳрими нафтии ин кишвар аз сўйи Иттиҳодияи Аврупо ҳушдор дод.


Ў рўзи якшанбе, 15 январ дар мусоҳибааш бо рўзномаи «Шарқ» бо хитоб ба кишварҳои араби Халиҷи Форс гуфт: «Ҳамсояҳои ҷанубии мо метавонанд бо иттихози сиёсатҳои оқилона бо моҷароҷўҳои кишварҳои ғарбӣ ҳамкорӣ накунанд». Чанде пештар Эрон таҳдид карда буд, ки дар сурати таҳрими нафтӣ аз сўйи Иттиҳодияи Аврупо оброҳи тангаи Ҳурмузро хоҳад баст, аммо кишварҳои Ғарб эълом кардаанд, ки ба чунин иқдоме вокуниш нишон хоҳанд дод.  Эҳтимол меравад, ки дар таърихи 23-уми январ Иттиҳодияи Аврупо таҳримоти хариди нафт аз Иронро эълон намояд, ки татбиқшавии он ба таври тадриҷӣ дар давоми 6 моҳ сурат мегирад.
Маврид ба ёдоварист, Теҳрон ҳар рўз ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо 450 ҳазор баррел нафт мефурўшад, ки 18%-и содироти Ҷумҳурии исломиро ташкил медиҳад. Итолиё ҳар рўз аз ин кишвар 180 ҳазор, Испания 160 ҳазор ва Юнон 100 ҳазор баррел нафт харидорӣ мекунанд. Ин дар ҳолест, ки кишварҳои мазкур дар ҳоли ҳозир бўҳрони қарзи пулро паси сар мекунанд. Ҷопон, Куриёи ҷанубӣ, Ҳинд ва Туркия, ки аз муштариёни асосии нафти Эрон мебошанд, идеяи таҳримот зидди Эронро рад намудаанд, ё  «муҳофизакориашонро изҳор доштаанд».
Дар ҳамин ҳол, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо мехоҳанд, зидди Эрон таҳримоти нафтӣ ва молии якҷонибаро таҳмил намоянд, то аз барномаи ҳастаиаш даст бикашад.
Зимнан, Русия ва Чин шарикони ИМА, Фаронса, Британия ва Олмон дар маҷмўаи 5+1, ки бо Эрон сари масъалаи барномаи ҳастаии ин кишвар гуфтушунид анҷом медиҳанд, ҷорӣ намудани таҳримҳои изофӣ алайҳи Ҷумҳурии исломии Эронро рад менамоянд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!