Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 12:38

А.Комилов: Маблағҳо ғайриқонунӣ истифода шудаанд

16 январ 2012, 12:17

Маблағҳое, ки дар сохтмони иншоотҳои кишвар сарф шудаанд, дар соли гузашта ҳамагӣ 4 миллиарду 840 миллион сомониро ташкил медиҳад.


Абдувалӣ Комилов, директори агентии сохтмон ва меъмории Тоҷикистон дар ин бора зимни як нишасти матбуотии созмонёфта дар Душанбе иброз дошт.
Бино ба гуфти ӯ, аз ин миқдор 2 миллиард сомонияш маблағҳои давлатӣ, боқимондааш аз ҳисоби сармоягузориҳои ширкатҳои хориҷӣ мебошанд. Абдувалӣ Комилов далели ғайриқонунӣ истифода бурдани маблағҳоро аз ҷониби ширкату ашхоси алоҳида тасдиқ намуда гуфт, «Маълумоти маблағҳои гумшуда аз ҷониби кӣ ва кадом ширкат вуҷуд доранд, ки инро баъдан пешкаш менамоям».
-Барои муайян кардани қонуншиканӣ зимни сохтмони иншоотҳо санҷиш  гузаронидаанд, ки дар пайи он масъулин дар ҳаҷми 144 ҳазору 439 сомонӣ ҷарима баста шуданд,-афзуд Комилов.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!