Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 19:06

Боздошти қочоқчиёни маводи мухаддир дар Душанбе ва Суғд

18 январ 2012, 07:00

Дар пайи як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маводи нашъадор мусодира гардид.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ доданд, зимни амалиёт дар бинои фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри  Хуҷанд Далер Орипови 19 сола, сокини шаҳри  Чкалов боздошт шудааст. Аснои гузаронидани муоинаи тиббӣ аз дохили меъдаи номбурда маводи сахттаъсири  ҳероин  ки вазнаш 635 граммро ташкил медод, забту мусодира гардид.     
Бино ба иттилоъи манбаъ, ҳамчунин ба ҳамин ҳодиса монанд Хайём Маҳмадбекови 31 сола, сокини ноҳияи Ванҷ, ҷамоати  Техарв боздошт шудааст. Гуфтанист, аз дохили борхалтаи ӯ  маводи нашъадори навъи ҳашиш ба миқдори 1 килою  830 грамм ва 3 килою 892 грамм маводи мухаддир забт шудааст.
Ба қавли манбаъ, амалиёти «хариду фурӯш» дар маҳаллаи Қазоқони пойтахт сурат гирифт. Феълан, нисбати ин ду қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!