Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:27

Як қарори пӯшидаи Ӯзбакистон ҳаҷми боркашониро коҳиш дод

18 январ 2012, 09:27

КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» сабаби кам шудани ҳамлу нақли колои транзитиро ба як тасмими пӯшидаи Ӯзбакистон рабт медиҳанд.


Усмон Қаландаров, муовини райиси ин ниҳод мегӯяд, соли гузашта ҳаҷми боркашонӣ 9 миллиону 242 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2010-ум 1 миллиону 204 ҳазор тонна кам аст: «Аз ҷумла, боркашонии транзитӣ 3 миллиону 903 ҳазор тонна мебошад, ки дар муқоиса ба нишондодҳои соли 2010-ум 1 миллиону 32 ҳазор тонна ва ё 20, 9% коҳиш ёфтааст. Айни замон ҳаҷми боркашонии транзитӣ рӯз аз рӯз кам мешавад.
Бино ба гуфти оқои Қаландаров, боркашонии худӣ давоми соли гузашта ба 5 миллиону 339 ҳазор тонна расид, ки нисбати як соли пеш 152 ҳазор тонна кам аст.   Намояндагони корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» қайд намуданд, ки вобаста ба рафъи мушкилот дар роҳи оҳани минтақаи Амузанг-Хатлон ба созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат намудаанд, аммо то имрӯз посухи аниқ нагирифтаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!