Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 07:30

Ҳуҷум ба Эрон оқибати ногуворро ба дунбол дорад

18 январ 2012, 09:48

Русия гуфтааст, аз таҳдидҳои низомии болои Эрон сахт дар ташвиш аст ва барои ба ба вуқӯъ напайвастани дахолати низомӣ аз берун ба ин кишвар тамоми қувваро масраф хоҳад кард.


Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи ин кишвар, ки дар як нишасти хабарӣ сӯҳбат мекард гуфт: «Ҳама гуна таҳдидот ва дахолати низомӣ болои як кишвари дигар оқибатҳои ногуворе ба дунбол хоҳад дошт».
Ҳамзамон, дар посух ба пурсиши хабарнигорон ҷаноби Лавров иброз дошт, ки ман ҳатто тахмин карда наметавонам, ки ин амал кай сар хоҳад зад, зеро мо ҳамаи корро мекунем, то ин кор ба амал наояд. Окибатҳои ин кор хеле вазнин хоҳад шуд, аз ин рӯ мо бениҳоят нороҳат ҳастем .
Дар ҳамин ҳол, кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо пешниҳод кардаанд, то таҳримот болои содироти нафти Эронро аз 1 июли соли равон роҳандозӣ шавад.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!