Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 01:14

Ду президент сари мизи гуфтушунид менишинанд

18 январ 2012, 10:53

Русия ба ҳайси миёнрав ва кафили ҳалли мушкилоти Қаробоғи кӯҳӣ баромад карданист.


Рӯзи 23 январи соли равон сарони кишварҳои Русия, Арманистон ва Озорбойҷон барои ҳалли ин мушкил дар шаҳри Сочии Русия сари мизи гуфтушунид хоҳанд нишаст. Бино ба маълумоти маркази матбуоти президенти Русия ин дидори сарони кишварҳои мухолиф бо кӯшиши президенти Русия Дмитрий Медведев сурат хоҳад гирифт.
-Серж Саргсян, райисҷумҳури Арманистон ва Илҳом Алиев бо сафари расмӣ вориди Русия мешаванд ва сӯҳбатҳои дуҷониба бо Дмитрий Медведев анҷом медиҳанд,- менависад, сомонаи расмии Кремл.Худи ҳамон рӯз саммити сегона бахшида ба ҳалли  масоили вобаста ба Қаробоғи кӯҳӣ сурат хоҳад гирифт.
Ёдовар мешавем, ки мушкилоти марзии Қаробоғи кӯҳӣ дар солҳои охири пойдории Иттиҳоди шуравӣ миёни Озорбойҷону Арманистон сар зада, то ба имрӯз бо вуҷуди кӯшишҳои зиёд ҳалли худро пайдо накардааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!