Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 17:09

Дипломатҳои тоҷику афғон масоили марбут ба вазъи ҳамсоякишварро дар Аврупо баррасӣ карданд

19 январ 2012, 04:55

Сафирони Тоҷикистону Афғонистон дар Олмон бо  вакили махсус оид ба масъалаҳои Афғонистон ва Покистони ҳукумати Олмон Михаэл Штайнер муштаракан мулоқот анҷом доданд.



Тибқи иттилои дафтари матбуотии ВКХ Имомуддин Сатторов ва Абдул Раҳмон Ашраф зимни вохӯрӣ масъалаҳо оид ба лоиҳаҳои барномаҳо ва рӯзномаи Конфронси ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистонро, ки гузаронидани он дар таърихи 26-27 марти соли ҷорӣ дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст, баррасӣ карданд.  
Мусоҳибон эътимоди худро дар он баён карданд, ки гузаронидани Конфронси зикргардида дар қатори Конфронсҳо оид ба Афғонистон, ки дар Истанбул ва Бонн баргузор гашта буданд, ҳамчун як раванди иҷтимоӣ-иқтисодии барқарор кардани Афғонистон ва олоти босамари ҳамгироӣ ва ҳамоҳангсозии лоиҳаҳое, ки аҳамияти умумиминтақавӣ доранд, ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин дар Берлин мулоқотҳои Имомуддин Сатторов бо сафири Дания дар Олмон Пер Поулсен-Хансен ва сафири Шветсия Штаффан Карлссон баргузор гаштанд, ки зимни онҳо масъалаҳо дар мавзӯи Конфронси ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон ва иштироки намояндагони ин кишварҳо дар Конфронси зикргардида баррасӣ шуданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!