Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:22

Варзишгари тоҷикистонӣ -барандаи сабқати “Mongolia open-2012”

19 январ 2012, 07:06

Юсуф Абдусаломов, паҳлавони маъруфи Тоҷикистон дар Муғулистон барандаи сабқати байналмилалӣ дар риштаи гӯштини тарзи озод шуд.


Тибқи иттилоъ, дар мусобиқаи  “Mongolia open-2012” дар шаҳри Улан-Батор паҳлавонон аз ИМА, Куба, Муғулистон, Русия, Тоҷикистон ва Ҷопон ширкат доштанд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз Кумитаи олимпии кишвар иттилоъ доданд,  Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Юсуф Абдусаломов, барандаи медали нуқраи Олимпиадаи Пекин намояндагӣ мекард. Бино ба қавли манбаъ, Юсуф дар рақобатҳо дар вазни то 84 килограмм бар ҳамаи ҳарифонаш пирӯз шуд ва ба даври ниҳоӣ баромад: «Абдусаломов дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Осогбаатари муғул ғолиб омад ва мақоми аввалро касб кард.Дар ҳисоби умумидастаӣ тими мунтахаби мизбон - Муғулистон бо 8 медали тилло, 9 нишони нуқра ва 16 биринҷӣ дар ҷойи аввал қарор гирифт. Дастаи мунтахаби Русия мақоми дувум ва тими Ҷопон мақоми севумро соҳиб шуданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!