Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 16:59

Дар Кӯлоб теъдоди нашъамандон 34 нафар коҳиш ёфт

20 январ 2012, 04:25

34 нашъаманди шаҳру навоҳии Кӯлоб, ки дар Маркази наркологӣ муолиҷа мегирифтанд, ба таври комил табобат ёфтаанд.


Абдуҷаббор Ҳазратов, директори Маркази наркологии шаҳри Кулоб ба «Озодагон» гуфт, соли 2011 576 сокини нашъаманди минтақаро таҳти муолиҷа қарор додаанд. Аз ин теъдод 3 нафар ҷинси латиф будааст. Ба гуфтаи номбурда беморонро асосан наздиконашон барои табобат меоранд. Сини аксари нашъамандон аз 28 то 45 гуфта мешавад.
«64 нафар аз беморони дар қайди Маркази наркологии Кӯлоб буда бо сабаби тағир намудани манзили зист ва табобат гирифтан, аз қайди расмӣ бадар шуданд,-мегӯяд Абдуҷаббор Ҳазратов. -То имрӯз ягон нафар аз нашъаманди дар қайди марказ буда ба ҳалокат нарасидааст. Дар минтақа ҳастанд ҳолатҳое, ки нашъамандон аз «передозировка» ҷони худро аз даст додаанд, вале ҳеч кадоми онҳо таҳти табобати мо набуданд».  



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!