Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:46

Муассисаи вижаи тиббӣ дар Душанбе

24 май 2011, 10:56

Имрӯз дар Душанбе маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон ба истифода дода шуд.

Ин муассисаи тиббӣ дар асоси қарори ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, аз якуми июли соли 2010 таҳти рақами 344 дар доираи маблағҳои тасдиқшудаи буҷети соҳаи тандурустӣ таъсис дода шудааст. Бино ба қавли Абдулло Файзуллоев, омӯзгори кафедраи ҷарроҳии умумӣ дар ин марказ 20  кат барои ҷарроҳӣ ва 6  кат барои наҷот додани беморон то ҷарроҳӣ ва баъд аз рӯзҳои аввали ҷарроҳӣ мавҷуд аст. Тибқи  нақша дар оянда ҷарроҳӣ ва пайвандсозии гурдаи  хешу таборӣ низ дар назар аст. Арзиши ин навъи ҷарроҳӣ  49 ҳазор сомонӣ муайян шудааст. Вазорати тандурустӣ вазифадор шудааст, ки вобаста аз вазъи иҷтимоии бемор барои онҳо арзиши хизматрасонии тиббиро аз  5% то 20%  кам кунад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!