Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 02:10

Ҳудуди 6 кило маводи нашъадор кашф ва мусодира шуд

20 январ 2012, 05:17

Кормандони агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон дар пайи амалиётҳои вижа аз чанд талоши ғайриқонунӣ паҳн намудани маводи мухаддирро пешгирӣ намуданд.


Тавре ба «Озодагон» аз агентии мазкур хабар доданд, дар пайи гузаронидани амалиётҳои муваффақ аз муомилоти ғайриқонунӣ наздики 6 кило воситаҳои нашъаовар мусодира шудааст. Ҳудуди 1 кило маводи забтшударо ҳероин, бештар аз 700 граммашро афюн ва зиёда аз 4 килои дигарро мухаддироти гурӯҳи каннабис ташкил додаанд. Бо иттиҳоми содир намудани ин ҷиноятҳо 2 нафар боздошт шудааст. Бино ба иттилоъи манбаъ, дар ҷараёни чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони фурӯши маводи мухаддир сокини 32 солаи пойтахтро дастгир кардаанд. Ҳангоми кофтуков аз ӯ як бастаи селофанӣ бо 305 ғилофаки дорои моддаҳои хокамонанди сафедранг ошкор ва мусодира гардид. Аз рӯи хулосаи Лабораторияи ташхиси судии агентӣ маводи мусодирашуда ҳероин буда, вазни он қариб 1 килоро ташкил дод. Кормандони агентӣ ҳамчунин зимни амалиёти дигар дар ҳудуди шаҳри Душанбе шаҳрванди 36 солаи пойтахтро бо 82 грамм ҳашиш дастгир карданд. Аз манзили зисти вай бошад, аз дохили қутии оҳанин 30 пластинаи китобшакли ҷигариранги бӯи махсусдошта ва як халтаи селофанӣ бо моддаи нашъадори алафмонанд ошкор ва мусодира гардид. Ҳамчунин ҳангоми кофтукови хона аз дохили гаҳвора 13 қуттии гӯгирди пур аз мухаддироти растанинасаб ва миқдори зиёди пул дарёфт шудааст. Лабораторияи ташхиси судии агентӣ муайян кард, ки бештар аз 4 кило маводи мухаддири мусодирашуда каннабис, зиёда аз 700 грамми он афюн буда, ҳудудан 400 грами боқимондаашро ҳашиш ташкил медиҳад. Аз рӯи ҳамаи ҳодисаҳои ошкоршуда парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!