Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:34

Дар пайи як ҳамлаи интиҳорӣ дар Афғонистон 7 нафар кушта шуд

20 январ 2012, 06:06

Маргталабе дар музофоти Қандаҳор худро мунфаҷир кард ва ҷони 7 нафари дигарро ҳам гирифт.


Дар миёни кушташудаҳо 4 сокинони осоишта, аз ҷумла як ноболиғ ҳам будааст. Ба иттилои расида 8 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Залмай Аюбӣ, сӯхангуи волии музофоти Қандаҳор гуфтааст, ҳодиса низди даромадгоҳи фурудгоҳ ба вуқӯъ пайваст. Масъулияти инфиҷорро «Толибон» бар зима гирифтаанд. Ба қавли онҳо ҳадафи аслӣ мошинҳои зиреҳпуши нерӯҳои хориҷӣ буд. Аммо ба иттилои хадамоти матбуотии НАТО дар ин таркиш ягон сарбози нерӯҳои эътилоф осеб надидааст. Дар ҳамин ҳол ба иттилои шабакаи телевизионии «Тулӯъ»-и давлати исломӣ бар асари силсилатаркишҳои ахир дар музофоти Ҳилманд 19 нафар ба ҳалокат расидааст. Ин ҳамлаҳоро низ «Толибон» кори дасти пайравонаш унвон кард.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!