Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 24 январ 2017, 18:16

ВКД: Мо омодаем қазияи Додоҷони Атовуллоро таҳқиқ намоем

20 январ 2012, 07:24

То  ҳол дар мавриди қазияи Додоҷони Атовулло аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия мактуб ва ё дархосте нагирифтаем, ки нафари ба ҷои ӯ қасд карда шаҳрванди Тоҷикистон аст.


Ин нуктаро Рамазон Раҳимов, вазири тозатаъини корҳои дохилии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд. Ба қавли номбурда дар сурати дарёфти чунин дархост омодаанд, ки шахси ҷинояткорро ба ҷавобгарӣ бикашанд. Генерал Раҳимов афзуд, дар мавриди ҳодисаи суиқасд ба ҷони раҳбари ҷунбиши «Ватандор» аз тариқи  ВАО хабар ёфтааст. «Дар мавриде, ки гуё ҳукумат дар ин қазия даст дорад, ин фикри ҷабрдида Додоҷони Атовулло мебошад, агар ягон далел дошта бошад ба вазорат мактуб ирсол кунад ва мо омодаем, ки онро таҳқиқ намоем»-илова намуд вазири корҳои дохилӣ.
Ёдовар мешаем, суиқасд ба Додоҷони Атовуло шоми 12-уми январ, тахминан соати 21:30 дар тарабхонаи итолёвии «Виа-ҷио»-и пойтахти Русия ба вуқӯъ пайваст. Шахси номаълум ду маротиба ба қафаси синаи журналисти тоҷик корд задааст. Баъди ҷароҳӣ дар сӯҳбат ба журналистон сардабири нашрияи «Чароғи рӯз» амали суиқасдро фармоиши Душанбе унвон кард.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Январ 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!