Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:36

Тоҷикистон барқи «Сангтуда-2»-ро 5% қиммат хариданист

20 январ 2012, 08:47

Айни ҳол барқи нерӯгоҳи «Сангтуда-2» ба ширкати «Барки тоҷик» ба нархи 2,89 сент фурӯхта мешавад. Ин нуктаро Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон зимни як нишасти матбуотӣ иброз дошт.


Аммо номбурда гуфт, дар назар аст оянда арзиши барқи тавлидкардаи «Сангтуда-2» 5% қимат шавад. Ба қавли гул Шералӣ ин иқдом баъд аз 1-уми январи соли 2015 роҳандозӣ мегардад. Сабаби чунин як тасмим дар тӯли 12 сол, ҳар чӣ зудтар пӯшонидани хараҷоти сарфнамудаи ҷониби Эрон ва ба ихтиёри Тоҷикистон гузаронидани фоидаи нерӯгоҳи мазкур унвон шуд. Сохтмони нерӯгоҳи «Сангтуда-2»-ро шикати эронии «Фароб» ба ӯҳда гирифтааст. Ба гуфтаи вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон сохтмони ин нерӯгоҳ бо 180 миллион доллари ҳукумати Эрон, 36 миллион доллари ширкати «Фороб» ва 40 миллион доллари ҳукумати Тоҷикистон бунёд мешавад. «Ҳарчанд ҷониби Эрон ҷиҳати 5% баланд кардани тарофа дар хусуси арзиши барқ розӣ нашуд, вале мо роҷеъ ба ин масъала фикрамонро гузаронидем ва ҳуҷҷатҳои лозима низ миёни ҷонибҳо ба имзо расонида шуд»,-афзуд Гул Шералӣ.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!