Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 16:32

Бонки миллӣ беш аз 465 миллион сомонӣ пулҳои корношояму фарсударо аз муомилот бозпас гирифтааст

20 январ 2012, 09:51

Соли  2011 бо эътидол омадани нишондиҳандаҳои молиявию иқтисодии Тоҷикистон ва афзоиши фишорҳои таваррумӣ, сиёсати қатъии пулию қарзӣ пеш гирифта шуда, меъёри бозтамвил аз 8,25 фоиз то 9,8 фоизи солона зиёд карда шуд.


Дар ин бора муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Малоҳат Холиқзода иброз дошт. Номбурда, ки дар нишасти хабарие сӯҳбат мекард, гуфт, меъёри захираҳои ҳатмӣ бошад, барои пасандозҳо бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ мувофиқан дар сатҳи 7,0 ва 9,0 % бетағйир монданд. Инчунин номбурда қайд кард, ки ҳаҷми пулҳои захиравӣ ҳамчун нишондиҳандаи барномавӣ ба санаи 31 декабри соли 2011 3,8 миллиард сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин рӯзи соли 2010 28,0 дарсад афзуд. Бино ба иттилои нобурда, ҳаҷми пулҳои нақдии дар муомилотбуда ба 3,0 миллард сомонӣ баробар шуд, ки аз он 22,7 миллион сомониашро тангаҳои филизӣ ташкил медиҳанд. «Тайи соли гузашта 1,2 миллард сомонӣ ба муомилот бароварда шуда, 465,3 миллион сомонӣ пулҳои коғазии корношоям ва фарсуда аз муомилот бозпас гирифта шуданд»,-афзуд Малоҳат Холиқзода.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!