Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 00:13

SoS: Донишҷӯ ба қочоқи ҳашиш муттаҳам мешавад

20 январ 2012, 11:29

Дар шимоли кишвар донишҷӯи яке аз макотиби олӣ бо маводи нашъаовар боздошт шудааст.


Тавре ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» дар  РКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар назди  яке аз биноҳои истиқоматии кӯчаи Энгелси шаҳри Чкаловск автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс таҳти идораи сокини шаҳри Хуҷанд, донишҷӯи бахши 4-уми яке аз макотиби олии Суғд М.М. боздошта шуд.
Манбаъ афзуд, аснои кофтукоби сабукрав аз богоҷи он як адад халтаи полиэтиленӣ, ки дар дохили он  5 бастаи селофанпеч бо маводи растаниҳои фишурдашудаи ҷигаррранги бӯи ғализдошта дарёфт ва мусодира карда шудааст. Маводи забтшуда навъи ҳашиш буда, вазни он 3 кг 782 грамро ташкил медиҳад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!