Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 23:03

Тоҷикистон НКХХ-и шаҳри Маскавро мехарад

20 январ 2012, 12:05

Тоҷикистон дар рӯзҳои наздик яке аз биноҳои Маркази умумирусияги намойиш (Всероссийский виставочний сентр), машҳур ба ВДНХ  (собиқ Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагиҳои халқи СССР)-ро мехарад.


Дар ин бора Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон изҳор кардааст. Қарордоди пешакӣ барои хариди ин павилён дар ҷаласаи ахири Шӯрои байнидавлатӣ оид ба фаъолияти ярмаркавиву намойишии ИДМ баррасӣ гардида буд. Ба Тоҷикистон якчанд павилён барои харидорӣ пешниҳод гардида буд ва аммо феълан маълум нест, ки ҷумҳурии мо кадоме аз онҳоро ва ба чӣ қадар маблағ харидорӣ хоҳад кард.
Бино ба қавли масъулин, Тоҷикистон тасмим доштааст, то дар ин павилён намунаҳои маҳсулоти саноатӣ ва маълумоти бештар оиди лоиҳаҳои инвеститсионӣ, ҳамчунин намоишгоҳ-фурӯшгоҳи намунаҳои маҳсуоти ҳунарҳои мардумиро ҷойгир намояд.
То имрӯз бо пешниҳоди Русия бо қимати 1 рубли рамзӣ павилёнҳои ВДНХ-и собиқро, ки дар даврони шӯравӣ барои ҳар як ҷумҳурӣ сохта шуда буд, Белорус, Қирғизистон, Укроин, Абхазия, Молдова, Арманистон соҳиб шудаанд.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!