Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:17

Асрори коҳиши нархи бензини «Газпромнефт-Тоҷикистон» маълум шуд

23 январ 2012, 05:15

Нархи як литр бензини навъи АИ – 92 дар шаҳри Душанбе 6,7 сомониро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо нархҳои моҳи гузашта 4 фоиз арзонтар аст.


Ҳамдам Тағоймуродов, сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ба хабаргузории «Озодагон» сабаби арзоншавии нархи сӯзишвориро дар коҳиши хароҷоти ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» зимни интиқоли сӯзишворӣ арзёбӣ кард.
Ба гуфтаи Тағоймуродов қаблан «Газпромнефт – Тоҷикистон» аз сабаби барои корҳои таъмиру тармим маҳкам будани корхонаи коркарди нафт дар шаҳри Омск, сӯзишвориро аз шаҳри Уфаи Бошқирдистон ворид мекард, ки нисбат ба Омск  аз Тоҷикистон наздики ду маротиба дуртар аст.
Айни ҳол ба гуфтаи ӯ, корҳои таъмирӣ ба охир расиданд ва ширкати «Газпромнефт» боз аз Омск сӯзишворӣ оварда истодааст. Бо вуҷуди нисбатан арзон шудани бензин, нархи он дар муқоиса бо нишондоди моҳи январи соли гузашта 54 фоиз қимматтар аст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!