Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 16:53

Суғд: Замин ба мутахассисони ҷавон дода мешавад

23 январ 2012, 05:49

Соли 2011 ба 432 нафар мутахассисони ҷавони вилоят қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ дода шудааст.


Тавре ба хабарнигори маҳаллии «Озодагаон» аз ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ доданд, ба 183 нафар барои полезкорӣ ва боғдорӣ ва ба 159 нафар қарзи имтиёзнок барои харидани занбӯри асал ва чорвои калони шохдор дода шудааст.Ин ҳам дар ҳолест, ки мутахассисони ҷавони соҳиби замини наздиҳавлигӣ гашта, асосан сокинони шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Панҷакент, Айнӣ, Ғончӣ, Зафаробод, Ҷ.Расулов, Б.Ғафуров, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ мебошанд.
Гуфтанист, ба  914 нафар хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷетии ихтисосҳои омӯзгории мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси вилоят барои кор роҳхат дода шуд.



 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!