Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:35

2011-05-03 19:23

3 май 2011, 14:23

Сокинони ноҳияи Айнӣ ба ҳашари дастаҷамъӣ баромада, роҳро аз сангу шағал тоза мекунанд.

Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон  зимни як нишасти хабарӣ дар ҳузури журналистон гуфт, ҳудуди беш аз 150 сокини ин минтақа бо даъвати ҳукумати ноҳия ба ҳашар баромада,  ҷодаи  Душанбе- Чанақро аз сангу шағал пок кардаанд. Ба гуфтаи ӯ аз масофаи 50  километр сокинон ҳоло 15 км-ро тоза кардаанд.

Ҳакимов афзуд: «Мо ҳукумати ноҳияи Айниро супориш надодаем, ки мардумро кор фармоед. Худи сокинон баромада, тоза кардаанд, ҳеч гап не, ман фикр мекунам, ки ягон ҷои нигаронӣ надорад. Агар накунанд, мо худамон аз ӯҳдаи кор мебароем».

Вазири нақлиёт мегӯяд, ки ҳоло роҳҳои нообод дар Тоҷикистон кам нестанд, вале барои азнавсозии онҳо бояд маблағҳои грантӣ дарёфт кунанд. Ӯ низ ба мисли ҳамтои собиқаш (Олимҷон Бобоев) аз тарҳи роҳҳои пулакӣ дар кишвар пуштибонӣ карда, онро барои нигаҳдории ҳолати роҳҳо амри зарурӣ хонд. Вай таъкид кард, ки барои бозпардохти қарзҳои хориҷие, ки дар бунёди роҳ истифода мешавад ва барои ҳифзу нигаҳдории роҳҳо бояд ба системаи пулакӣ гузаранд. Лекин барои таъмири роҳҳои нообод ҳашар мекунем, зеро ин қадар маблағе надорем, ки ҳамаашро худамон ба иҷро расонем, гуфт ӯ.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!