Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 21:30

Раҳмонов ислоҳот мекунад.Ҳоло аз барқ шурӯъ кард

23 январ 2012, 06:32

Абдуғаффор Раҳмонов, райиси тозатаъини шаҳри Кӯлоб  нахустин фаъолияти кориашро аз барҳам задани мушкили сокинони шаҳр оғоз намуд.


Бино ба иттилоъи хабарнигори маҳаллии «Озодагон» як ҳафта боз сокинони шаҳр, ба хусус бошандагони хонаҳои баландошёна бо барқи доимӣ таъмин гардиданд. Шоҳидон мегӯянд, ки ин ибтикори райиси шаҳр Абдуғаффор Раҳмонов ба роҳ мондааст. Бино ба иттилоъ, райиси нав фаъолиятро нахустин аз шиносоӣ ва вохӯриву мулоқот бо сокинони кӯчаву маҳаллаҳои шаҳр оғоз намудаст. Раҳмонов дар мулоқот бо шаҳрвандон изҳори нигаронӣ аз он кардааст, ки ҳақи барқи истифодашуда аз ҷониби аҳолӣ на ҳама вақт пардохт мегардад. Аҳолӣ низ, дар навбати худ изҳор доштаанд, ки дар мавриди таъмини барқ омодаанд, ҳатто ҳақи барқро пешпардохт намоянд. Дар мувофиқа омадани аҳолӣ бо ҳукумати шаҳр ва шабакаҳои барқӣ буд, ки интиқоли барқ барои аҳолӣ зиёд гаштаву дар ҳамин ҳол, ҷамъоварии маблағ низ аз барқи истифодашуда баланд рафтан дорад.
Дар ҳамин ҳол, вазъ дар кӯчаҳои берун аз марказ бетағйир боқӣ мондааст. Сокинони ин маҳаллаҳо ҳанӯз ҳам бо таври реҷа бо барқ таъмин будаанд.  
Шаҳрдори нави Кӯлоб аз таъмин набудани хонаҳои баландошёна бо гази табиӣ ва камбуди оби нӯшокӣ дар ҳудуди шаҳр изҳори норозигӣ дорад. Дар нишасти матбуотӣ ҷаноби Раҳмонов ба масъулини ин соҳа дар пайи таъмини ҳаддалимкони ин маводи зарурӣ супориши қатъӣ дода, таъкид аз он намуд, ки дар фурсати кӯтоҳтарин ҳали ин мушкилро ба анҷом расонанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!