Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:41

Забту мусодираи беш аз 240 кило маводи нашъадор дар ҷануби Тоҷикистон

23 январ 2012, 07:25

Соли 2011-ум дар ноҳияи дурдасти кӯҳистони Шурообод аз ҷониби сокинон 35 ҷиноят содир шудааст.


Сатҳи кушодашавӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо аз ҷониби кормандони шӯъбаи корҳои дохила дар ин муддат 90 фойизро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол, кормандони ШКД аз мардуми бумӣ наздик ба 224 кг маводи мухаддир дарёфт ва мусодира кардаанд. Аз ин 3 кг маводи сахттаъсири ҳероин, 159 кг бангдона ва 56 кг афюн будааст. Нисбат ба 6 нафар аз қочоқчиён парвандаи ҷиноятии ба анҷом расида, ба Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон барои моҳиятан дидан баромадан  интиқол дода шудааст.
Ҳамзамон, ба иттилои сардори ШКД-и ноҳия, полковник Наимов, дар ин муддат кормандони милиса аз аҳолӣ 21 адад яроқ, аз ҷумла 3 автомати Калашникуф, 1 таппонча, 2 милтиқи ҷангии навъи карабин, 3 адад силоҳи шикории ТОЗ-8, 10-адад милтиқи шикории дар қайд ногирифта, 2-корди ҷангӣ, 6 тирдон ва 105 дона тирҳои ҳархела ошкор ва мусодира шуданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!