Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 03:04

Саҳҳомони «Роғун» 25 миллион фоида гирифтаанд

23 январ 2012, 11:17

Қисмате аз маблағҳои саҳмияҳои фурӯхташудаи  НБО-и «Роғун», ки дар бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон гузошта шудаанд, ба ҳолати 1 –уми январи соли ҷорӣ дар ҳаҷми 25 миллион сомонӣ фоида овардаанд.


Дар ин бора ба хабарнигорон Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон иттилоъ дод. Ба гуфтаи Наҷмиддинов ба куҷо равона шудани ин дивидендҳоро худи саҳҳомони  «Роғун» дар маҷлиси умумӣ ҳал хоҳанд кард.
Дар мавриди бозгардондани ин маблағҳо аз бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон, Наҷмиддинов афзуд, ки ба фаъолияти молиявии бонкҳо гирифтани ин маблағҳо таъсири назаррас нахоҳад дошт. Вай мегӯяд вобаста ба ҳаҷми эҳтиёҷот дар майдони сохтмони Роғун маблағҳо аз бонкҳо бозпас гирифта хоҳанд шуд ва аллакай қисмате аз бонкҳо оиди ҳаҷм ва мӯҳлати гирифтани маблағҳо огоҳ шудаанд.
Аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои НБО «Роғун» дар соли ҷорӣ дар ҳаҷми 1,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Наҷмиддинов таъкид мекунад, ки айни ҳол дар нерӯгоҳ танҳо корҳои барқарорсозӣ ҷараён гирифта истодаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!