Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 11:53

Толибилмони литсейи тоҷикӣ-туркии Душанбе дар озмуни байналмилалӣ мақоми дуввумро соҳиб гаштанд

24 январ 2012, 05:17

Дар чорчӯби лоиҳаи Маркази илмию амалии «Дарин» ва мактаб – интернати махсуси   лаёқатмандони шаҳри Алмаатои Қазоқистон Олимпиадаи УШ-уми анъанавии байналмилалии хонандагон сурат пазируфт.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ситоди душанбегии ин чорабинӣ иттилоъ доданд, озмун аз рӯи фанҳои риёзӣ, физика ва иттилоот баргузор гардид.
Гуфтанист, дар олимпиада 54 дастаи мактабҳои махсуси 18 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Беларус, Украина, Озарбойҷон, Гурҷистон, Арманистон, Қирғизистон иштирок доштанд.Аз рӯи натиҷаи олимпиада 7 дастаи беҳтарин муайян гардида, ғолибон соҳиби мукофотҳои вижа гаштанд. Зимнан, дастаи Маркази махсуси таълимию илмии Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскави Русия соҳиби мукофоти асосӣ гардид. Тими хонандагони шаҳри Алмаатои Қазоқистон сазовори ҷойи аввал ва дастаи мактаби риёзии шаҳри Софияи Булғористону литсейи тоҷикию туркии шаҳри Душанбе мақоми ифтихории дуввумро бо ҳам диданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!