Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 04:58

Дар шимоли кишвар 351 ҷинояти коррупсионӣ ошкор шудааст

24 январ 2012, 09:44

Ҳусейн Ақилов, сардори раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар вилояти Суғд мегӯяд, тайи 12 моҳи соли 2011 кормандони раёсати Агентӣ 351 ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидоштаро ошкор кардаанд.


Ин рақам соли 2010 ба 269 мерасид. Ба қавли номбурда хисороти молии ин ҷиноятҳо ба 16 миллиону 267 ҳазору 299 сомонӣ баробар буда, беш аз 11 миллиони он барқарор шудааст. «Парвандаҳои ҷиноӣ вобаста ба ин ҷиноятҳо асосан бо моддаҳои азхудкунӣ ва исрофкорӣ, қаллобӣ, ришвадиҳии тиҷоратӣ, гирифтан ва додани пора, сохтакории хизматӣ, суиистифода аз ваколатҳои хизматӣ, баромадан аз ваколатҳои мансабӣ, гириифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ ва соҳибкории ғайриконунии Кодекси ҷиноии Тоҷикистон оғоз гардидааст»,- афзуд Ҳусейн Ақилов.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!