Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:28

Пешбинии Шералӣ Гул амалӣ нашуд. Тавлиди камтар аз нақша

24 январ 2012, 07:16

Истеҳсоли тиллоро дар Тоҷикистон, ки Шералӣ Гул, вазири энергетика ва саноати кишвар ният дошт, дар соли 2011 ба 3 тонна расонад, ҳамагӣ 2 тоннаю 241 киллограмро ташкил додаст.


Бо вуҷуди ин, масъулини вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ин нишондодро дар муқоиса бо ҳаҷми истеҳсоли тилло дар соли 2010 –ум  наздики 135 киллограм бештар арзёбӣ мекунанд. Худи Шералӣ Гул дар робита ба истеҳсоли тилло мегӯяд, имкон дошт нишондоди он бештар гардад, агар вазорати молия дар корхонаи зертобеаш «Тиллои тоҷик» корро беҳтар пеш бурда нақшаро иҷро мекард.
Ба гуфтаи вазири энергетика ва саноат тибқи нақша дар корхонаи «Тиллои тоҷик»   бояд 500 киллограм тилло истеҳсол мешуд.  Аммо дар пайи ташкили заифи низоми кор дар корхона ҳамагӣ 319 киллограм тилло истеҳсол шудааст. Ба иттилои вазир, тайи соли 2011 –ум корхонаи муштаракаи «Зарафшон» 1,3 тонна тилло, КМ «Апреловка» 439,5 киллограм  ва «Артел Одина» 130 киллограм тилло истеҳсол кардаанд. Дар мавриди дурнамои истеҳсоли тилло дар соли 2012 –ум Шералӣ Гул афзуд, ки нисбат ба соли 2011 дар назар аст, ки 200 киллограм бештар истеҳсол шавад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!