Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 17:31

Боку: Саркозии шарманда! Фаронса исто

24 январ 2012, 07:21

Мардуми Озорбойҷон бо нишонии эътироз дар назди сафорати Фаронса дар Боку даст ба тазоҳурот заданд.


Гирдиҳамоиро  Маркази байналхалқии диаспораҳо ташкил намуда, иштирокчиён алайҳи қабули қонуни охири Фаронса дар бораи шинохта шудани “геонотсиди арманиҳо” изҳори норозигӣ карданд. Тазоҳургарон зери шиори “Дурӯғи 107 сола ва ҳақиқати 20 сола. Мо хомӯшем, ба ҷойи мо далелҳо мегӯянд!”  ба майдон омаданд.
Тавре хабаргузориҳо менависанд, ба ин ҳамойиш намояндагони Шӯрои меҳтарони ҷанги Озорбойҷон ва ҷамъияти ҷавонони “Дӯстии Озорбойҷон ва Туркия” , Ассотсиатсияи мубориза ба даъвои беасоси “геносиди арманиҳо” низ ҳамроҳ шудаанд.
Дар ҳамойиши эътирозӣ беш аз 50 нафар ширкат намуда, шиорҳои “Фаронсо исто!”, “Саркозии шарманда”, Озорбойҷону Туркиё як буданд ва як мемонанд”, “Фаронса аз худ нарав, тоқати мо охир дорад!”- ро бонг заданд.
Ҳамчунин, унвони сафири Фаронса дар ин кишвар муроҷиатномаи эътирозгарон ирсол карда шуд. Дар ҳамин ҳол, вакили Маҷлиси миллии Озорбойҷон Соҳиб Алиев гуфтааст, Озорбойҷон аз мавқеи ҷиддии эътироз ба ҳамрайисии Фаронса дар гурӯҳи Минскии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ (ОБСЕ)  баромад хоҳад кард.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!