Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:53

А.Миралиев: КБСС танҳо дар Рашт ба 22 хонавода кӯмак намудааст

24 январ 2012, 10:21

Рӯзи гузашта, 23-уми январ муовини якуми райиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Амиршо Миралиев бо роҳбари намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон Северин Шаппаз мулоқот намуд.


Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, тақвияти ҳамкориҳои вазорату идораҳои дахлдори мамлакат бо ин созмони бонуфуз ва мусоидати парлумони кишвар барои фароҳам овардани шароити беҳтари равобити байни кумитаи мазкур бо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавзӯъҳои меҳварии ин дидор буд.
Муовини аввали раиси МН МО аз фаъолиятҳои густурдаи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон изҳори қанотмандӣ намуда, ҳамзамон таъкид дошт, ифтитоҳ шудани дафтари намояндагии кумита дар соли 2010 дар якчанд минтақаи Тоҷикистон шаҳодати он аст, ки равобити миёни давлати мо ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) ба марҳилаи нави ҳамкорӣ ворид шудааст: «Мо медонем, ки ҳоло дар панҷ ноҳияи водии Рашти Тоҷикистон дафтарҳои намояндагии КБСС фаъолият мекунанд, ки расонидани кўмакҳои тиббӣ аз барномаҳои аввалиндараҷаи он ба шумор меравад. Ин ниҳоди имдодрасони байналмилалӣ соли 2010 танҳо дар води Рашт ба 22 хонавода кўмакҳои гуногуни моддию маънавӣ расонидааст», - гуфт Амиршо Миралиев.  Номбурда афзуд, КБСС дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) мавқеи худро қариб дар тамоми минтақаҳои кишвар бо мақсади омўзиши ҳолат ва вазъи зиндагии аҳолӣ ва тартиби расонидани кўмак ба сокинон устувор намуда, ҳамчунин дар соли 2011 ба се намояндагии ҶҲАТ таҷҳизоти гуногуни тиббӣ кўмак кардааст.
«Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар оянда низ барнома ва тарҳҳои Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистонро ҷонибдорӣ карда, барои амалӣ шудани онҳо фазои ҳуқуқиро фароҳам хоҳад овард», - гуфт дар анҷоми мулоқот Амиршо Миралиев.
Роҳбари намояндагии КБСС дар Тоҷикистон хонум Северин Шаппаз низ аз сатҳи ҳамкории кумитаи мазкур бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози қаноатмандӣ намуда, хотирнишон сохт, ки ҳанўз байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх тамоми имконоти мавҷуди равобит мавриди истифода қарор нагирифтаанд. «Мо умедвор ҳастем, ки ин мулоқот саҳифаҳои ҳанўз накушода дар китоби таърихи равобити дуҷонибаро боз мекунад».
Манбаъ афзуд, Северин Шаппаз таъкид намуд, ки кумитаи мазкур мақсад дорад соли 2012 дар асоси чанд барномаҳо, аз ҷумла расонидани кўмак ба маҳбусон ва наздикону пайвандони онҳо, беному нишоншудагон, гузаронидани семинар ва мизҳои гирд бо намояндагони ВАО, сохторҳои қудратӣ дар заминаи расонидани кўмакҳои башардўстона фаъолияти худро мутамарказ намояд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!