Бахшҳо

85 ҷинояти хусусияти коррупсионидошта дар Вазорати маориф ошкор гардид

Абдуҷаббор Раҳмонов, собиқ вазири маорифро аз сабаби беназоратӣ ба муасиссаҳои зертобеи вазорат аз симмати ишғолкардааш сабукдӯш намудаанд.


Фаттоҳ Сайидов,   директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия зимни изҳори ин андеша гуфт, камбудиҳо дар ин самт ошкор шуданд ва бо пешниҳоди мо он кас аз вазифа озод гардид: “Хусусан камбудию норасогиҳои ҷиддӣ  дар корхонаю муассисаҳое, ки ба воситаи суратҳисобҳои транзитӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ мегарданд, мушоҳида карда мешаванд. Аз ҷумла, тафтиш дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони кару гунги ноҳияи Рӯдакӣ муайян намуд, ки аз тарафи директори парваришгоҳ Ибронов М ва сармуҳосиб Бедалов И бо роҳи ба даромад нагирифтани пули нақд дар ҳисоботҳои хазинавӣ ва тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва сохтакорӣ дар варақаҳои пардохти музди меҳнат 380 ҳазор сомонӣ азонихуд карда шудааст”.  
Бино ба гуфти ҷаноби Сайидов дар соли гузашта аз ҷониби кормандони сохторҳои Вазорати маориф 85 ҷинояти хусусияти коррупсионидошта ба қайд гирифта шудааст. Ҳамзамон, номбурда оид ба сифати фаъолияти суд ва прокуратураҳои дахл карда гуфт:   «Ҳар вақте, ки рӯзҳои шанбе мардумро қабул мекунам, зиёда аз 70 фоизи мардум аз рӯи судҳо шикоят мекунанд. Афсӯс, ки дар ин самт қонунгузорӣ ба мо ягон салоҳият надодааст. Мардум аз назди мо ноумед нараванд,- гуфта, ман бо имзои худам аризаи онҳоро ба суду прокуратура равон мекунам».
Зимнан, иттилоъ дода шуд, ки дар соли гузашта ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта дар соҳаи тандурустӣ -66, кишоварзӣ -62, энергетика ва саноат -41, меҳнат ва ҳифзи иҷ-тимоии аҳолӣ  22, нақлиёт ва коммуникатсия -21, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии ҷумҳурӣ -36 ҷиноят ва сохторҳои бонкӣ  -88-то ба қайд гирифта шудааст.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)