Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:48

Шариф Раҳимзода: Мансаби вазирӣ тақозо намекунад, ки баъзе рақамҳоро пинҳон нигоҳ дорем

25 январ 2012, 06:32

Шариф Раҳимзода, ки як рӯз пеш ба вазифаи вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон таъин гардид, дар мансаби наваш ошкорбаёнӣ ва ҳамкории зичро бо воситаҳои ахбори омма ваъда кард.

Раҳимзода мегӯяд, бархилофи вазифаи пешинааш, ки райисии Бонки миллиро ба ӯҳда дошт, мансаби вазири рушди иқтисод ва савдо тақозо намекунад, ки баъзе рақамҳоро пинҳон кунем:«Ин ҷо ҳама аён аст ва чизеро паноҳ карда намешавад. Ман ҳамчун собиқ муаллим мехоҳам ва кӯшиш мекунам, ки доим бо аудитория бошам».
Дар мавриди иқтисодиёти Тоҷикистон вазири нави рушди иқтисод изҳор дошт, ки солҳои охир таррақӣ карда истодааст ва аз рӯи инсоф нест, агар онро нодида гирем. Раҳимзода соли нисбатан беҳтарро барои иқтисодиёти Тоҷикистон соли 2008 –ум номид, ки рушди воқеӣ ба 7,9 фоиз баробар шудааст. Соли гузашта ин нишондод ба 7,4 фоиз баробар шудааст.
Ҷиҳати исботи беҳбуди вазъи иқтисодии мардум Шариф Раҳимзода мисол овард, ки агар тайи солҳои 2000 –ум – 2011 сатҳи таваррум 3,1 маротиба, яъне нархҳо 3,1 маротиба афзоиш ёфтаанд, даромадҳои  пулии мардум 15,7 маротиба зиёд шудаанд.
Дар маҷмӯъ, Раҳимзода, таъкид мекунад, ки сарфи назар аз равандҳои манфӣ дар иқтисодиёти ҷаҳон, иқтисоди Тоҷикистон роҳи рушди худро ёфтааст ва раванди рушд солҳои минбаъда ҳам нигоҳ дошта хоҳад шуд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!