Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:29

Кумитаи сармоягузорӣ: Маҷбурем хатоҳои 15-20 сол пешро тоқат кунем

25 январ 2012, 09:27

Масъулини Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар мавриди хусусигардонӣ дар Тоҷикистон изҳор медоранд, ки маҷбуранд шартномаҳои 15-20 сол пеш бастагиро бо вуҷуди камбудиҳояшон иҷро намоянд.


Шӯҳратҷон Раҳматбоев, муовини аввали райиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мегӯяд, 15 – 20 сол пеш дар кишвар шароите буд, ки амволро дар ягон шакл нигоҳ доштан зарур буд. Ба гуфтаи ӯ имкони давлат ва мақомоти дар соҳа фаъолият дошта намерасид, ки амволро нигоҳбонӣ кунад: «Ин ҳолат дар бисёр соҳаҳо ҷой дошт. Амвол ё  талаю тороҷ мешуданд, ё ба дасти ягон соҳиб доданашон даркор буд, ки дар ягон намуд, онҳоро нигоҳ дорад. Акнун, мо маҷбурем шартномаҳои 15 – 20 сол пешро иҷро кунем. Наметавонем, гӯем, ки мебахшед, мо хато кардем, онро хато фурӯхтем, онро баргардонед. Шояд ҳамин тариқ  мо 1000 – 100 ҳазорро мебурем, лекин садҳои миллион миллиардҳо сармояи ба Тоҷикистон меомадаро роҳаша мегирем» .
Раҳматбоев, таъкид мекунад, ки сармоягузорони хориҷӣ ба риоя шудани ҳуқуқи моликият аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд ва эҳтиёткориро дар муносиботи амволӣ зарур арзёбӣ кард. Масъулини Кумита изҳор медоранд, ки дар соли 2011 аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти давлатӣ ба буҷет 37 миллион сомонӣ ворид шудааст. Аз аввали соли 2004 то айни замон ғолибони тендерҳои сармоягузорӣ ба иқ тидорҳои истеҳсолии корхонаҳои хусусишуда ба маблағи 78,6 миллион сомонӣ сармоягузорӣ ва 3415 адад ҷойҳои нави корӣ ташкил намудаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!