Фирӯз Хон, як соҳибкори кашмирӣ қаламеро сохтааст, ки дорои қобилияти шинохт, талаффуз ва тарҷумаи оятҳои Қуръони Маҷид аст. Вақте ин қаламро болои оят мегузорӣ, он тавассути сенсорҳояш оятҳоро мешиносад, онро хонда бо забони ӯрду ва инглисӣ тарҷума мекунад.
Фирӯз Хон, соҳибкори акнун ихтироъкор гуфтааст, ин қалам барои онҳое, ки пайрави исломанду дар ин бора бештар донистан мехоҳанд, кӯмак карда метавонад. Бо ёрии ин қалам одам метавонад оятҳоро хонад, ва ба мазмуни он сарфаҳм равад. Аз он ки баъзе мардум бо вуҷуди шинохти хати арабӣ мазмуни онро намедонанд, ин қалам мушкили онҳоро хеле ҳам осон хоҳад кард.Қалами нодир аллакай аз сӯи ҷавонони мусулмон баҳои баландро сазовор гаштааст.Феълан ин қалам ҳудуди 200 доллар арзиш доштааст.
Маврид ба ёдоварист, чанде қабл аз ҷониби тоҷирони тоҷик низ аз давлати Чин ба Тоҷикистон китоби Қуръони Шариф ворид гардид, ки қалами сенсорӣ дорад. Ин қалам оятҳои Каломи Худоро бо забони арабӣ мехонад ва бо тоҷикӣ, русӣ ва инглисӣ тарҷума мекунад.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Апрел 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 |