Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:10

Даъвати сафорат аз кулли сокинони кишвар

27 январ 2012, 04:20

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав бори дигар аз муҳоҷирин ва кулли мардуми кишвар хоҳиш кардааст, то барои дақиқ кардани шахсияти тоҷикбачаи ҷабрдида кӯмак намоянд.


Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар интернет навори даҳшатовари латукӯби ҳамватани мо паҳн гардида буд. Ин навор сару садо ва эътирозҳои зиёди на фақат тоҷикон, балки тамоми мардуми дунёро ба бор оварда буд.
Тибқи иттилои сафорати Тоҷикистон дар Маскав, корпуси дипломатии мо барои санҷиши далелҳои тазйиқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия, ҳимоят аз ҳақи онҳо ва талоши беҳбуди ҳаёти онҳо талоши пайваста дорад: «Бо ташаббуси сафорат вохӯрии онҳо бо намояндагони ниҳоди тафтишотии пулиси Маскав доир гашта, рафти тафтиши далели мазкур, мушкилот дар кори тафтишот дар ин ҳодиса  ва дигар ҳолатҳои вобаста ба нақзи ҳақи шаҳрвандони Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.
Муфаттиши парвандаи мазкур Юшенко Павел Владимирович оид ба амалоти пулис барои кушодани ҷинояти мазкур муфассал сухан карда, аз ҷумла гуфт, ин масъала таҳти назорати ҷиддии Вазорати умури хориҷии Русия қарор дорад. Аммо маълум набудани шахсияти ҷабрдида ба ҷараёни тафтишот мушкил эҷод кардааст».
Дар ҳамин ҳол ҷониби Русия тақозо кардааст, ки ҳуввияти шахси ҷабрдида муайян карда шавад, то мақомот барои анҷоми муваффақонаи парвандаи ҷиноӣ ва муҷозоти ҷинояткорон муваффақ шавад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!