Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:15

Дипломати тоҷик ва вазири араб масоили марбут ба «рӯйдодҳои арабӣ»-ро баррасӣ карданд

26 январ 2012, 03:39

Муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарии ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ баррасӣ гардиданд.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии ВКХ иттилоъ доданд, зимнан сафири ҶТ дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Абдулло Юлдошев бо Вазири давлатии корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ Низор бин Убайд Маданӣ  мулоқот дошт. Аснои  вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масоили рушду таҳкими минбаъдаи табодули назар карданд.
Гуфта мешавад, мусоҳибон аз кори омодагӣ ва ҳамоҳангсозии як қатор созишномаҳои дуҷонибаи байниҳукуматӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, инчунин перомуни манзури онҳо ба расмиёти имзогузорӣ дар шакли муносиб ҳавасмандӣ иброз карданд.
Ҳамчунин, дар мулоқот рӯйдодҳои дар олами араб баамаломада ва дурнамои ҳалли мусолиҳатомези низоъ дар Афғонистон баррасӣ шуданд. Дар ин робита, ҷонибҳо аҳамияти талошҳои ба бозсозии иҷтимоӣ-иқтисодии Афғонистон нигаронидашударо қайд сохтанд. Нақши бузурги кишварҳои ҳамсоя ва дӯст дар ин масъала махсус таъкид карда шуд. Дар ин росто, Вазири давлатӣ аҳамияти Панҷумин конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V)-ро, ки 26-27 марти соли равон дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст, тазаккур дода, барои даъвати Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҷиҳати иштирок дар кори он арзи сипос гуфт.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!