Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:56

Меҳмони навбатии хабаргузории «Озодагон» Саидов Фаттоҳ Ғоибович, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷ Т.

26 январ 2012, 05:30

Фаттоҳ Саидов 18-уми ноябри соли 1962 дар деҳаи Ғиҷовак (ҳоло Хушобак)-и ноҳияи Данғара ба дунё омада, соли 1984  бахши ғоибонаи факултаи  иқтисодии УДТ ба номи В.И.Ленин (ДМТ)-ро бо баҳои аъло хатм намудааст. Бо роҳхати кумитаи ҳизби коммунист дар мақомоти ВКД ба фаъолият пардохтааст. Корро аз вазифаи сарваколатдори фаврии шӯъбаи мубориза бо сирқати моликияти сотсиалистии (ОБХСС) ШКД-и ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе оғоз намуда, дар ин миён мактаби олии милисаи шаҳри Саратови Русияро хатм кардааст. Пас аз итмоми таҳсил ба ҷойи кори қаблиаш баргашта, фаъолияташро идома дод.     Солҳои 1994-1995 ба симмати сарваколатдори шӯъбаи мубориза алайҳи ҷиноёти муташаккили ВКД оид ба шаҳри Душанбе, солҳои 1995-1996 сарваколатдори корҳои муҳими шӯъбаи мубориза бар зидди коррупсияи Раёсати мубориза алайҳи ҷиноёти иқтисодии ВКД буд. Соли 1996 Фаттоҳ Саидов сардори шӯъбаи мубориза алайҳи ҷиноёти иқтисодии ШКД-и  ноҳияи Исфараи вилояти Суғд таъин гардидааст. Чанд муддат (солҳои 1998-2002) ба ҳайси сардори шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии РКД-и шаҳри Душанбе адои хизмат намуда, соли 2003 ба вазифаи муовини сардори воҳиди таъиноти махсуси ВКД таъин гардидааст. Охири соли 2004 ба симмати сардори шӯъбаи шиносномадиҳӣ ва раводиди ВКД баргузида шуда,  соли 2007 сардори РКД-и пойтахт таъин гардид. Бо фармони президенти ҶТ аз 4-уми июни соли 2009 ба вазифаи директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст. Унвони генерал-майори адлияро дорад. Оиладор, соҳиби 5 фарзанд аст. Дар ҳама давру замон ва дилхоҳ ҷомеъа фасод, амалҳои коррупсионӣ, ришваситонӣ ва додугирифти ғайриқонунӣ вуҷуд дорад. Мубориза бо ин падидаи номатлуб кори дастаҷамъӣ буда, талоши ҳамешагиро тақозо дорад. Аз "Озодагон": Мӯҳтарам муштариёни хабаргузории “Озодагон”! Аз Шумо ташаккур мекунем, ки дар баҳси мо ширкати фаъол доштед. Ҳамеша сарбаланду комгор бимонед! Ҳоло фурсати ҷудошуда барои суолдиҳӣ ба анҷом расид. Ба наздикӣ дар ҳамин сафҳа, ба суолҳои хонандагон ҷавобҳои директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаши хонандагон мегарданд.{jcomments off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!