Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:46

6,5 миллион муштарии алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон. Даромади алоқачиён 2 миллиард

26 январ 2012, 09:47

Ҳаҷми умумии даромад аз фаъолияти хизматрасонӣ дар соҳаи алоқа тайи соли 2011-ум 1 миллиарду 991 миллион сомониро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо соли 2010-ум 12 фоиз зиёдтар мебошад.


Ин нуктаро Рафиқҷон Шокиров, муовини аввали сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон зимни ҳамойиши матбуотӣ дар ҳузури хабарнигорон изҳор дошт. Аз ин маблағ як миллиарду 879,7 миллион сомониро даромади операторони алоқаи мобилӣ ва провайдерон ташкил додаст.
Шокиров таъкид кард, ки даромади як адад нуқтаи телефони мобилӣ дар як моҳ бо назардошти истифодаи интернет 40 сомониро ташкил додаст, дар ҳоле, ки ин нишондод барои нуқтаи телефони маҳаллӣ ба 25 сомонӣ баробар аст. Ӯ мегӯяд, ба ҳар сад нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ 80 адад телефони мобилӣ ва 5,3 адад телефони маҳаллӣ рост меояд. Шокиров шумораи истифодабарандагони интернетро сари ҳар сад сокини ҷумҳурӣ 24 нафар арзёбӣ кард: «Дар маҷмӯъ,истифодабарандагони интернет дар ҷумҳурӣ бо назардошти истернети мобилӣ 1,8 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо аввали соли 2011 38 фоиз бештар аст.
Тибқи иттилои Хадамот шумораи муштариёни алоқаи мобилӣ дар кишвар 6,5 миллион нафар буда, аз онҳо 3,9 миллион рақамҳои фаъол мебошанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!