Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 07:23

Судбозиҳо бо Сангтӯда-1 ошкор шуданд. Акнун асли қазия рӯшан гашт

26 январ 2012, 12:00

Нерӯгоҳи Сангтӯда-1 тавассути суди иқтисодӣ ният дорад, аз ширкати «Барқи тоҷик» 5 миллион сомонӣ қарзашро рӯёнад.


Масъулини ширкати «Барқи тоҷик» ин иттилоъро тасдиқ карда, ҳаҷми умумии қарздориашонро дар назди нерӯгоҳи Сангтӯда -1, 203 миллион сомонӣ арзёбӣ карданд. Дар мавриди он  ки чаро аз 203 миллион қарзаш нерӯгоҳи Сангтӯда-1 танҳо 5 миллионашро тавассути суд тақозо дорад, намояндагони «Барқи тоҷик» изҳор доштанд, ки ин ба вазъи молиявии нерӯгоҳ дахл дорад.
Ба гуфтаи манбаъ, барои тақозои пурраи қарзаш таввассути суд, нерӯгоҳи Сангтӯда- 1 иқтидори пардохти боҷи судиро надоштаст:  «Танҳо барои тақозои 5 миллион сомонӣ тавассути суд Сангтӯда 1 – ро зарур аст, ки дар ҳаҷми 100 ҳазор сомонӣ боҷи судӣ супорад».
Дар маҷмӯъ, манбаъ таъкид кард, ки тайи чанд рӯзи охир бо намояндагони «Сангтӯда -1» вохӯрӣ дошта  ният доранд, судбозиро қатъ намоянду нақшаи генералии баргардондани қарзи Сангтӯда- 1-ро таҳия намоянд.
Зимнан, намояндагони «Барқи тоҷик» ҳаҷми қарзҳои дар назди буҷету ширкатҳои дигарро 603 миллион сомонӣ арзёбӣ карданд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 120 миллион сомонӣ коҳиш ёфтааст.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!