Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 17:45

Вазир: Тоҷикистон бояд ба хариди сӯзишворӣ бо нархҳои ҷаҳонӣ омода бошад

27 январ 2012, 11:10

Шариф Раҳимзода, вазири нави рушди иқтисод ва савдои  Тоҷикистон дар гузашти Русия барои Тоҷикистон зимни бозбинии нархи сӯзишворӣ шубҳа дорад.


Ӯ мегӯяд: «Ман фикр намекунам, ки Русия барои Тоҷикистон боҷи содиротиашро кам мекунад. Бояд коҳиши боҷи содиротии Русияро интизор нашавем. Хоҳем нахоҳем, мо ба сӯи нархҳои ҷаҳонӣ рафта истодаем ва зарур аст, ки ба хариди сӯзишворӣ бо нархҳои ҷаҳонӣ омода бошем. Агар қаблан омода мебудем, зуд воридкунандаи дигари сӯзишвориро меёфтем».
Сайидраҳмон Назриев , муовини вазири рушди иқтисод ва савдо ҳам дар тақвияти суханҳои  Раҳимзода иқрор кард, ки ин кӯтоҳбинии онҳо будаст:«Аммо солҳои охир барои васеъ намудани ҷуғрофияи воридоти сӯзишворӣ ба Тоҷикистон корҳо амалӣ шуда истодаанд. Агар соли 2010 –ум 92 фоизи маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон аз Русия ворид мешуд, соли гузашта ин нишондод ба 82 фоиз баробар шудааст».  
Дар мавриди баланси индикативии воридоти сӯзишворӣ аз Русия, Назриев афзуд, ки мо соли 2010 ва ҳам соли 2011 дар ҳаҷми 640 ҳазор тонна пешниҳод кардем, лекин Русия ӯҳдадориҳояшро иҷро накард. Умед дорем, дар соли 2012 ба иҷро мерасонад.
Дар баробари ин масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон изҳор медоранд, ки айни ҳол бо ҷониби Русия дар мавриди бе боҷи содиротӣ ворид намудани 170 ҳазор тонна бензин созиш шудааст ва ҷониби Тоҷикистон кӯшиш дорад, ин нишондодро бештар намояд.
Дар маҷмӯъ, ба Тоҷикистон тайи соли гузашта 440 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 452 миллион доллари амрикоӣ ворид шудааст, ки аз ин 207,5 ҳазор тоннашро бензин ташкил медиҳад.  



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!