Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 07:52

Намояндагони 40 давлат ва 35 созмони байнулмилалӣ ба Душанбе ташриф меоранд

28 январ 2012, 04:32

Дар Душанбе таҳти раёсати президент Эмомалӣ Раҳмон доир ба омодагӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ бо Афғонистон ва Наврўзи байналмилалӣ ҷаласаи машваратӣ сурат гирифт.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии райисҷумҳур иттилоъ доданд, дар нишаст аъзои Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ба ин чорабиниҳо, роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои марбута, масъулини дастгоҳи иҷроияи президент ва намояндагони аҳли илму фарҳанг ва адаби кишвар иштирок намуданд.
Зимнан, доир ба омодагӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ бо Афғонистон ва Наврўзи байналмилалӣ, ки имсол дар даҳаи сеюми моҳи март дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд, Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва муовини сарвазири кишвар Руқия Қурбонова гузориш доданд. Қайд гардид, ки барои иштирок дар  Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ бо Афғонистон, ки дар сатҳи вазирон дар Душанбе баргузор хоҳад шуд, намояндагони 40 давлат ва 35 созмони минтақавию ҷаҳонӣ изҳори омодагӣ кардаанд.
Ҳамчунин, дар ҷашни Наврўзи байналмилалӣ низ иштироки роҳбарони як қатор давлатҳои ҷашнгирандаи ин иди бостонӣ ва намояндагони воломақом ва аҳли илму фарҳанг аз кишварҳо ва созмонҳои сершумори ҷаҳон дар назар аст.
Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдор доир ба омода кардани нақшаю барномаҳои ин чорабиниҳои байналмилалӣ ва дар тамоми қаламрави кишвар истиқбол гирифтани соли нави аҷдодӣ супоришҳои мушаххас дод.  

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!