Бахшҳо

Фаъолияти роҳбарияти тими «Хуҷанд» зери суол меравад.Агар ҳамин тавр бозӣ кунад

Бо иштироки раиси Федератсия футболи вилоят, раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар толори конфронсии «Кохи матбуот» ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Федератсияи футболи вилоят оид ба натиҷаҳи соли 2011-ум баргузор шуд.


Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Федератсияи  футболи вилоят муовини аввали раиси федератсия Рустам Маърофиев гузориш дод. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки мусобиқаҳо барои дарёфти мукофоти  Рустам Долтабоев ва ширкати «Мегафон» дар рушди футболи вилоят саҳми назаррас доранд. Маърофиев иттилоъ дод, ки дар лигаи олӣ аз вилояти Суғд дастаҳои «Парвоз» ва «Хуҷанд» иштирок карданд.
Ҳамзамон, раиси вилоят аз мақоми ишғолкардаи дастаҳо дар чемпионати ҷумҳуриявӣ изҳори нигаронӣ кард. Ҳамчунин, сe ғолибияти дастаи «Зарафшон»-и шаҳри Панҷакентро дар чемпионати лигаи якум баҳои баланд дод ва тавсия намуд, ки даста имсол дар мусобиқаҳои лигаи олӣ иштирок намояд.  
Тавре хабарнигори маҳаллии «Озодагон» мегӯяд, дар ин нишаст раиси ноҳияи Мастчоҳ Абдукарим Ҳикматов, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Содиқ Мирхолиқов, мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи дастгоҳи раиси вилоят Раъно Бобоҷонова супориш гирифтанд, ки баҳри вусъати футбол, аз ҷумла байни ҷавонзанону духтарон тадбирҳои мушаххас андешанд.   
Қоҳир Расулзода зимни баромадаш қайд намуд, ки чор дастаи футболи вилоят, дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дастаи «Парвоз»-и ноҳияи Б.Ғафуров, дастаи «Зарафшон»-и шаҳри Панҷакент, дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан дар бозиҳои имсолаи лигаи олии футболи мамлакат иштирок намоянд. Ӯ гуфт, агар дар бозии имсола дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ба натиҷаҳои назаррас ноил нагардад ва бо бозии футбол талаботи мухлисонашро қонеъ накунад, роҳбарияти даста аз вазифа барканор карда мешавад.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)