Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 21:19

Монополия дар бозори орди Тоҷикистон нест. Пас чӣ ҳаст?

28 январ 2012, 05:43

Ҳамдам Тағоймуродов, сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мавҷудияти монополияро дар бозори орди кишвар қатъиян инкор карда, таъкид намуд, ки дар ин бозор рақобат вуҷуд дошта, субъекти хоҷагидоре, ки дар он мавқеи ҳукмфармоиро доро бошад, вуҷуд надорад.


Ба иттилои номбурда, таи соли 2011 нисбати чанд иштирокчии ин бозор, ширкатҳои «Сомон Турон Инвест», «Сомон тиҷорат», соҳибкорони инфиродӣ- Холиқов Алишер, Додоҷонов Юсуф, Исломов Фаёз, Каримов Амирхуҷа, Мазбутов Истам ва фурӯшанда Хушмаҳмадов Анвар барои вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисорӣ истеҳсолоти парванда оғоз шуда, аз вайронкунандаҳои қонун ҷарима ба маблағи 4970 сомонӣ ба буҷет ворид гардид.
Масъулини Хадамот омилҳои асосии болоравии нархи маҳсулоти аввалиндараҷаи истеъмолии воридотӣ аз қабили орд, шакар, равған, гӯшт, тухм, шир ва маҳсулоти шириро ба кам будани пешниҳод нисбати талабот, баланд шудани нарх дар мамлакатҳои истеҳсолкунанда ва афзоиши нархи ҳамлу нақл вобаста медонанд.
Ин дар ҳолест, ки дар бозорҳои Тоҷикистон ҳатто нархи маҳсулоти дохилӣ, аз қабили картошка ва дигар маҳсулоти аграрӣ, ки зиёд истеҳсол шудаанду интиқолашон хароҷоти зиёд намехоҳад бемайлон боло рафта истодаанд.
Масъулини Хадамот ин равандро тасдиқ карда, таъкид карданд, ки ҷиҳати рушди рақобат ва дар ин замина паст кардани нархи маҳсулот дар бозори истеъмолии ҷумҳурӣ, ба ҳукумати Тоҷикистон оид ба ҷорӣ кардани масъалаҳои дастгирии соҳибкории хурду миёна, паст кардани сарбории андозҳо , мукаммал сохтани механизми андозбандӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии танзимкунандаи муносибатҳои иқтисодии кишвар пешниҳодҳои муфассал ирсол кардаанд.
Орд, ки тибқи иттилои ФАО 60 фоизи калорияи рӯзонаи мардуми Тоҷикистон аз он таркиб ёфтааст, мувофиқи маълумоти гумрукӣ таи соли 2011 ба кишвар дар ҳаҷми 335,3 ҳазор тонна ворид шуда, 1 миллиону 67,4 ҳазор тоннаи дигар дар дохил истеҳсол шудааст. Айни ҳол нархи як киллограми он дар Душанбе ҳудуди 2,4 сомониро ташкил медиҳад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!