Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 21:21

Сертификатҳои «Тоҷиксуғурта» ба меъёри ҷаҳонӣ ҷавобгӯй нестанд. Иддаои «Тоҷик Эйр»

30 январ 2012, 04:02

Масъулини ширкати «Тоҷик Эйр» қарздориашонро дар назди «Тоҷиксуғурта» иқрор карда, афзуданд 7,8 миллион сомонии ин қарз дар соли 2010 ва 7 миллионаш дар соли 2011 ташаккул ёфтаст.


Ин дар ҳолест, ки тавре худи намояндагони «Тоҷик Эйр» тасдиқ карданд, тибқи қарори ҳукумат 2 фоиз аз арзиши чипта бояд ин ширкат ба «Тоҷиксуғурта» ҷудо намояд.
Аммо масъулини «Тоҷик Эйр» таъкид мекунанд, ки он стандарту сертификатҳое, ки бояд «Тоҷиксуғурта» ба ивази гирифтани маблағ пешниҳод намояд, ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй нестанд.
Манбаъ таъкид намуд, ки «Тоҷик Эйр» тамоми намуди суғуртаҳоеро, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон бояд тайёраю мусофирон дошта бошанд, дорост. Дар мавриди он, ки «Тоҷик Эйр» ба ширкатҳои дохилӣ ё хориҷӣ суғурта шудааст, сарчашмаи хабар афзуд, ки ин сирри тиҷоратист.
Дар ҳоли ҳозир хаҷми умумии қарздории ширкати «Тоҷик Эйр» дар назди корхонаю ташкилотҳои гуногун 88 миллион сомонӣ арзёбӣ мегардад, ки дар муқоиса бо аввали соли гузашта 20 миллион камтар аст.  Қарзҳои дебитории ширкат нисбат ба кредиторӣ наздики 10 миллион сомонӣ зиёдтар буда, 98 миллион сомониро ташкил медиҳанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!