Бахшҳо

101 доллар афзудани интиқоли як тонна сӯзишворӣ ба Тоҷикистон

Айни ҳол нархи интиқоли як тонна сӯзишворӣ аз  Русия ба Тоҷикистон тавассути роҳи оҳан 335 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо нархи интиқол дар моҳи январи соли 2011-ум 101 доллар қимматтар аст.


Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳаққи интиқоли сӯзишворӣ аз истгоҳи роҳи оҳани Комбинатски шаҳри Омск то истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе моҳи январи соли гузашта 234 долларро ташкил дода, то ҳозир дар  ҳаҷми 101 доллар афзоиш ёфтааст.  Сарчашмаи хабар таъкид кард, ки аз яке аз омилҳои асосии афзоиши нархи сӯзишворӣ дар бозори Тоҷикистон таи соли гузашта ҳақи интиқол буд, ки моҳи феврали соли гузашта то  249 доллар, моҳи апрел 253 доллар, моҳи октябр то 305 ва моҳи ҷорӣ то 335 доллар афзоиш ёфт.  Ба гуфтаи манбаъ, ин гароншавӣ асосан аз ҳисоби афзоиши хизматрасонӣ дар роҳи оҳани кишвари ҳамсоя - Ӯзбакистон сурат гирифтаст.   
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон таи як моҳи  охир нархи сӯзишворӣ рӯ ба коҳиш ниҳодаст.  Дар ин робита маъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ афзуданд, ки қаблан «Газпромнефт – Тоҷикистон» аз сабаби барои корҳои таъмиру тармим маҳкам будани корхонаи коркарди нафт дар шаҳри Омск, сӯзишвориро аз шаҳри УФА –и Башқирдистон ворид мекард, ки нисбат ба Омск  аз Тоҷикистон наздики ду маротиба дуртар аст. Айни ҳол ба гуфтаи онҳо, корҳои таъмирӣ ба охир расиданд ва ширкати «Газпромнефт» боз аз Омск сӯзишворӣ оварда истодааст.
Аммо бо вуҷуди арзоншавӣ нархҳои мавҷудаи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон тибқи таҳлили масъулини вазорати рушди иқтисоду савдои кишвар нисбат ба оғози соли гузашта 54 фоиз қимматтар аст.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)