Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 18:40

Соҳибкорӣ: Дар Душанбе 21, Суғд 25, Хатлон 34 фоиз ба боло. Дар Бадахшон ҳамагӣ 3 дарсад

30 январ 2012, 05:45

Дар давоми соли 2011-ум дар Тоҷикистон 215 ҳазору 78 адад субъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли пешина 39,6 фоиз ё 61 ҳазору 41 адад бештар мебошад.


Тавре аз  Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, қисми зиёди соҳибкорон ба вилояти Хатлон рост меоянд, ки 34 фоизро ташкил медиҳанд. Шумораи аз ҳама кам дар ВМКБ ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳамагӣ 3 фоизро ташкил медиҳанд.  Ба шаҳри Душанбе 21 фойизи соҳибкорони бақайдгирифташуда, ба Суғд 25 фойиз ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 17 фойиз рост меоянд.
Масъулини Кумита изҳор медоранд, ки барои ҳавасмандкунии бештар ба соҳибкорӣ таи соли гузашта 5 лоиҳаи қонун, як фармони президент ва 8 лоиҳаи қарори ҳукуматро, ки ба дастгирии соҳибкорӣ равона шудаанд, таҳия  кардаанд.  Намояндагони Кумита таъкид мекунанд, ки айни ҳол лоиҳаи қонуни Тоҷикистонро «Дар бораи ҳамкориҳои байни давлат ва бахши хусусӣ»  ва лоиҳаи «Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ барои солҳои 2012 – 2020» - ро таҳия намуда, барои баррасӣ пешниҳод кардаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!