Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:47

Қонун «Дар бораи силоҳ» мавриди баррасии вакилон. Дар Шӯрои МН

30 январ 2012, 05:59

Таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, райиси палатаи поёнии парлумони мамлакат ҷаласаи навбатии Шӯрои МН сурат пазируфт.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии ин ниҳоди қонунбарор иттилоъ доданд, дар ҷаласаи Шўро лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи яроқ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Манбаъ афзуд, масъалаҳои дигаре, ки аз тарафи аъзои Шўрои Маҷлиси намояндагон баррасӣ шуданд, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Герсогии Бузурги Люксембург оид ба алоқаи ҳавоӣ, дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагон    ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» буданд.
Тибқи иттилои манбаъ, аз рўи масъалаҳои баррасишуда райисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Ватанов, Амирқул Азимов, Амир Катаев ва дигар аъзои Шўро суханронӣ намуданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!