Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 23:29

185 кило нашъа аз сокинони Суғд дар хориҷа мусодира гардид. Хориҷиҳо бошанд, бо 56 кило боздошт шуданд

30 январ 2012, 08:54

40 шаҳрванди Тоҷикистон, ки зодагони вилояти Суғд мебошанд, дар хориҷ аз Тоҷикистон бо ҷурми нашъаҷаллобӣ боздошт шудаанд.


Тавре ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» дар раёсати Агентии назорати маводи нашъадор дар шимоли кишвар иттилоъ доданд, аз ин шумора 5 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд.
Тибқи иттилои манбаъ, аз онҳо ба миқдори 185 кг маводи нашъовар  гирифта шудааст, ки 125 кг онро маводи нашъовари сахттаъсири ҳероин ташкил намуд: «Соли 2010 бошад,  дар хориҷи кишвар 63 нафар сокинони вилояти Суғд дастгир карда шуда буданд, ки аз онҳо  215 кг маводи нашъовар забту мусодира гардида буд».
Ҳамзамон,  соли сипаришуда, дар ҳудуди вилояти Суғд 4 нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар даст доштан бо ҷинояти гардиши ғайриқонунии маводи нашъовар дастгир карда шуданд. Онҳо аъзои як гурӯҳ буданд: 3 нафари онҳо шаҳрвандони Қирғизистон ва як тани эшон табааи Русияро доштанд.
Манбаъ афзуд, аз ин гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ ҳудуди 56 кило ҳероин забту мусодира гардидааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!