Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 20:58

Таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Эрон ба муносиботи Тоҷикистону Эрон халал ворид намесозад

30 январ 2012, 09:09

Масъулини вазорати корҳои хориҷаи кишвар мегӯянд, таҳримҳое, ки дар мавриди нафти Эрон роҳандозӣ шудаанд ба сатҳи муносибатҳои Тоҷикистону Эрон таъсиргузор нахоҳад буд.


Ин ниҳод меафзояд, кишварҳои Аврупо, ки нисбати нафти Эрон таҳримҳо эълон намудаанд, ҳамагӣ 20% нафти ин кишварро истеъмол мекунанд ва бештари он  ба Хитой, Ҷопон ва дигар кишварҳои осиёӣ бароварда мешавад.
Низомиддин Зоҳидов, муовини вазири корҳои хориҷа бар ин назар аст, ки мушкилоти умдае, ки боиси вуҷуди монеаъ дар рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Эрон шавад, маълум нест: «Ҳузури Эрон дар пешрафти иқтисодиёти кишвари мо хеле муассир аст, ки мо аз сатҳи муносибатҳои кишварамон бо Эрон изҳори қаноатмандӣ мекунем. Масъалаи ба Тоҷикистон овардани нафти Эрон ба чанд қазия вобаста аст. Фикр мекунам, нафти Эрон дар кишварҳои Осиё харидорони худро пайдо мекунад».   
-Барои ворид сохтани нафти Эрон ба Тоҷикистон мо лӯлаҳои интиқоли нафтро байни Тоҷикистону Эрон надорем,-мегӯяд Зоҳидов. Гузашта аз ин, ба қавли номбурда: «Агар нафти Эрон ба Туркманистон интиқол ёбаду дар он ҷо коркард шавад ва дар шакли бензин ба Тоҷикистон оварда шавад, арзиши он хеле болотар аз бензине мешавад, ки ҷониби Тоҷикистон аз дигар кишварҳо, хусусан аз Русия мегирад».


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!