Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 23:17

Эмбарго: Нархи нафт ба 150 доллар баробар мешавад

30 январ 2012, 09:12

Арзиши нафт метавонад то ба 150 доллар ба ҳар як бушкаи он афзоиш ёбад.


Дар ин бора сарвари Ширкати миллии нафти Эрон Аҳмади Қалъабонӣ, ки дар иртибот  ба эълони эмбарго ба нафти ин кишвар аз ҷониби кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо сухан мегуфт, изҳори назар намуд. Қарори маълум, тасмими эмбарго ба нафти Эрон ҳафтаи гузашта гирифта шуд ва акнун аз аввали тобистон он мавриди амал қарор мегирад.Аз сӯи дигар рӯзи чоршанбе Хазинаи байналмилалии асъор эълон кард, агар кишваҳои таҳримкунандаи нафти Эрон дар кӯтоҳтарин фурсат роҳҳои алтернативии ворид сохтани нафтро пайдо накунанд, арзиши ҷаҳонии он метавонад, то 30% ё худ 140 доллар ба ҳар бушка боло равад.  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!